10 Июл 2021 - 14:14
Дидори сафири ҷадиди режими саҳюнистӣ бо мақомоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон

Сафири ҷадиди режими саҳюнистӣ дар Тоҷикистон устуворномаи худро ба муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар тақдим кард.

ABNA24 : Ба гузориши сомонаи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 9 июли 2021 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеҳавит Бен Ҳиллелро қабул кард.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Исроил табодули назар карданд.  

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Зеҳавит Бен Ҳиллелро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.

342/